16:06 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Котиботи Сарвазир: саломатии Расулзода хуб аст ва дар вазифаи худ фаъолият дорад

© Пресс-служба Президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
911 0 0

Котиботи Сарвазири Тоҷикистон расман изҳор намудааст, ки матлаби дар бораи вазъи саломатии Қоҳир Расулзода, ки дар баъзе расонаҳо интишор ёфта буд воқеъият надорад

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Ахиран Котиботи Сарвазири Тоҷикистон ба хабаргузории “Ховар” расман изҳор намудааст, ки матлаби дар бораи вазъи саломатии Қоҳир Расулзода дар расонаҳои хабарӣ нашршуда, ба ҷуз аз тахмину гумон ҳеҷ воқеият надорад.

Бино бар иттилои манбаъ, вазъи саломатии Сарвазири мамлакат хуб буда, ба табобат эҳтиёҷе надорад ва мисли пешин дар ин вазифаи масъули давлатӣ рисолати хешро ба садоқатмандӣ ба халқу Ватан иҷро менамояд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар баъзе аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ дар бораи тасмими ба сабаби саломатӣ истеъфо додани Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон нашр шуда буд.  

Хабар дода шуда буд, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сабаби вазъи саломатиаш ба истеъфо рафта, ба табобат машғул хоҳад шуд. Расулзода, ба гуфтаи расонаҳои хабарӣ, аз дарди ҷигар азият мекашад ва ба табобати фарогир дар хориҷ аз кишвар ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол, Котиботи Сарвазири Тоҷикистон  қайд намудааст, ки ин матлаби нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук аз ҷониби корбарони зиёд бознашр шуда, вокуниш ва сару садоҳои мухталифро ба миён овардааст.  Аксари корбарон аз вазъи саломатии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳори нигаронӣ кардаанд.

Барчаспҳо:
саломатӣ, рад, хабар, истеъфо, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ