06:25 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Маблағ, акс аз бойгонӣ

Ротатсияи кадрҳо, рақобати ҳизбҳо, ВАО-и озод: мақомдори тоҷик роҳи халосӣ аз фасодро гуфт

© Sputnik / Алексей Бойцов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
591 0 0

Мақомдори Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон таҷрибаи Сингапур алайҳи коррупсияро зикр карда, изҳори боварӣ намудааст, ки истифодаи ин шеваҳо дар Тоҷикистон низ самараи бештар хоҳад овард

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Як мақомдори Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар нашрияи “Садои мардум” изҳор доштааст, ки таҷрибаи мусбати баъзе аз кишварҳоро метавон ба шароити Тоҷикистон мутобиқ ва дар амалия истифода кард.

Н. Аҳмадзода, масъули шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ин матлабаш зикр кардааст, ки бар асоси санади СММ,  мафҳуми коррупсия - суиистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад

Аҳмадзода афзуд, ки дар Сингапур мубориза бо коррупсия аз тағйири қонунгузорӣ оғоз гардид.

“Хизматчии давлатӣ дар Сингапур уҳдадор аст, ки ба ғайр аз декларатсияи молу мулк дар бораи қарздор набудани худ ҳар сол декларатсияи махсус пешниҳод намояд. Чунин ҳисобида мешавад, ки хизматчии давлатии дар қарз ғӯтида, уҳдадории хизматиро ба ивази фоидаи шахсӣ иҷро нахоҳад кард. Агар дар декларатсия хизматчии давлатӣ маълумоти дурӯғ пешниҳод кунад, аз кор озод мешавад”, - омадааст дар матлаб.

Бар асоси ин манбаъ, ба қонунгузории Сингапур, соли 1989 мусодираи молу мулк ҷорӣ гардид. Аҳмадзода навиштааст, ки чораҳои қатъӣ натиҷаи хуб доданд ва ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки ба марҳилаи дуюми мубориза бо коррупсия — марҳилаи “мулоим” гузаранд.

“Ҳукумат ҷиддан ба кори баланд бардоштани сифати хизмати давлатӣ пардохт. Маоши хизматчиёни давлатиро хеле баланд бардошт. Ҳоло маоши моҳонаи шахсони баландрутбаи давлатӣ то ба 20-25 ҳазор доллар мерасад”, - навиштааст мақомдори Ожонси мубориза бо фасод.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои парламент ва аҳолӣ дар ибтидо ба ин қарор бо назари шубҳа нигоҳ мекарданд, вале сарвазир ба таври оммавӣ ва ошкоро зарурати онро фаҳмонд.

“Дар парламенти кишвар соли 1985 зимни пешниҳоди ҳисобот оид ба зарурати афзоиши хароҷот барои фаъолияти дастгоҳи давлатӣ сарвазир гуфт: “Ман яке аз баландтарин маошгирандагон ва эҳтимолан яке аз камбизоаттарин сарвазирони ҷаҳони сеюм мебошам. Роҳҳои гуногуни ҳалли масъала вуҷуд дорад. Ман бошам, роҳи худамонро, дар доираи иқтисоди бозорӣ пешниҳод мекунам, ки роҳи рост, ошкоро, боварибахш ва татбиқшаванда аст. Агар шумо ба ивази он мехоҳед риёкориву мунофиқиро пеш гиред, бо дурӯягӣ ва коррупсия рӯ ба рӯ мешавед”, - овардааст Аҳмадзода аз қавли сарвазири Сингапур.

Муаллифи матлаб илова намуд, ки Ҳукумат қатъӣ тасмим гирифт, ки на танҳо маоши хизматчии давлатиро баланд бардорад, балки касби хизматчии давлатиро соҳибэҳтиром гардонад.

“Хизматчии давлатӣ ҳақ надорад ҳеҷ гуна туҳфа ба шакли пул ва ё дар дигар шакл аз одамоне, ки бо онҳо дар муносибати корӣ қарор дорад, ба даст биорад. Агар туҳфаро рад карда натавонад (масалан, мувофиқи протоколи сафари ҳайати хориҷӣ), ӯ метавонад туҳфаро бигирад, аммо зуд онро бояд ба раиси департаменти худ бисупорад. Дар асл хизматчии давлатӣ метавонад туҳфа бигирад, ба шарте ки арзиши онро пешакӣ аз рӯи нархи шуъбаи муҳосибот муайяннамуда пардохт намояд”, - навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмадзода дар Сингапур дар сатҳи давлатӣ усули мериократия тарғиб мегардад. Бо ин усул роҳ ба сӯи мансабҳои баландтарин ба рӯи боақлтарин, боистеъдодтарин шахсон, ки тафаккури пешрафта доранд, кушода мешавад.

Аҳмадзода таъкид кард, ки сиёсати “қамчин ва кулчақанд”, ки дар мамлакат пеш гирифта шуд, натиҷаи хуб ба бор овард, сатҳи коррупсия дар Сингапур чанд маротиба поин омад.

Ӯ бо зикри таҷриби Сингапур ва кишварҳои дигар чанд омили муҳим барои поин бурдани сатҳи фасодро баён доштааст.

“Таҷрибаи Сингапур ва баъзе аз кишварҳои дигар исбот мекунад, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини рақобати солими ҳизбӣ, ташаккули ВАО-и мустақили сиёсию иҷтимоӣ, низоми судии мустақил, муносиб сохтани низоми андозбандӣ, сиёсати давлатии кадрҳо, ротатсияи кадрҳо, халос шудан аз номуайяниҳо ва духӯрагӣ дар қонунгузории миллӣ, ҷалби аҳолӣ ба маъракаи мубориза бо коррупсия, ташкили мониторинги доимии коррупсия дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайра роҳҳое мебошанд, ки метавонанд мубориза бо коррупсияро дар мамлакат бештар самаранок намоянд”, - навиштааст Аҳмадзода.

Дар охири матлаб муаллиф таъкид намудааст, ки “хушбахтона, дар Тоҷикистон доир ба он шеваҳои мубориза, ки зикр гардид, кор идома дорад ва бовар аст самараи бештар ба бор хоҳад овард”.

Барчаспҳо:
"асосгузори Сингапури мудерн", мубориза бо фасод, мақола, фасод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ