Эмомалӣ Раҳмон ба Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар Бохтар санги асос гузошт

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон дал старт реконструкции автодороги Душанбе-Курган-Тюбе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон дал старт реконструкции автодороги Душанбе-Курган-Тюбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Терминал дар ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯлоб сохта мешавад, ки дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафту омади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур

Маблағи умумии пружа бештар аз 10 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад ва он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад гардид.

"Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳои наву замонавӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кушониёну Вахш, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, коҳиш додани ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва беҳтар намудани вазъи экологӣ арзёбӣ карда шуд", - таъкид мекунад дафтари матбуот.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва суҳбат бо масъулин ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи пружа ва истифодаи пурсамари маблағҳои ҷалбгардида  таъкид доштааст.

Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯлоб сохта мешавад, ки дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафту омади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидати фаъол хоҳад кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон сафар кард

Тавре зикр рафт, бо иҷрои лоиҳаи мазкур ва бунёду мавриди истифода қарор гирифтани терминали замонавии автомобилии мусофиркашӣ дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар имкон даст хоҳад дод, ки 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва ҷиҳати ҳали мушкилоти сокинону меҳмонони шаҳр хатсайрҳои нави ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад.

Дар шаҳри Бохтар феълан 5 муассиса дар соҳаи нақлиёт амал намуда, шумораи умумии воситаҳои нақлиёт 5 ҳазору 522 ададро дар бар мегирад ва ҳамарӯза аз роҳҳои ҳудуди он садҳо нафар ронандагони автомошинаҳои гуногунтамға истифода мекунанд.

Иброз шуд, ки ворид намудани наздики 50 автобуси наву замонавӣ, ҷорӣ кардани низоми ҳамгироишудаи хариду фурӯши электронии билетҳою кортҳои мусофирбарӣ, ки дар самти беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон заминаи беҳтарин дониста мешаванд, аз қисматҳои асосии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0