Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари картошкапарварии кӯшониёниҳо баҳои баланд дод

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон рядом с детьми
Президент РТ Эмомали Рахмон рядом с детьми - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои раисҷумҳур намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ташкил карда шуд. Дар он маҳсулоти тару тоза, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қулфинай, сирпиёз, мевагиҳо, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯшониён истеҳсол карда шудааст ба маъраз гузошта шуд.

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ"— и ноҳияи Кӯшониён шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Кооперативи мазкур соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис дода шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон қариб ҳама намуди зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва саҳми онҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон дал старт реконструкции автодороги Душанбе-Курган-Тюбе - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар Бохтар санги асос гузошт

Дар Кооператив 35 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.  "Беҳбудӣ" ҳамчунин дорои корхонаи коркарди меваю сабзавот мебошад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона ба 200 тонна баробар аст.

"Дар ин ҷо ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ташкил карда шуд, кипрезидент аз он дидан намуд. Дар намоишгоҳ  маҳсулоти тару тоза, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қулфинай, сирпиёз, мевагиҳо ва ғайра, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯшониён истеҳсол карда шудааст ба маъраз гузошта шуд", - афзудааст манбаъ.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон президент барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолият, хоса кишти картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба кори хоҷагидорон баҳои баланд додааст.

 

Лентаи хабарҳо
0