“Like”-ҳои сархӯр: Раҳимзода дар бораи ҷазо барои лайкмониҳо дар интернет

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Рахимзода, архивное фото
Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш бо рӯзноманигорон ба суол дар бораи ҷазо барои лайкмониҳо дар интернет посухи кӯтоҳе дод

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Генерал-полковник Раҳимзода изҳор дошт, ки “лайк” метавонад муҳтавои гуногун аз ҷонибдорӣ то мухолифатро фаро гирад.  Ӯ дар идома таъкид кард, ки ҷонибдорӣ ва тарғибу ташвиқи ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон бар асоси қонунгузории кишвар ҷиноят асту муҷозот дар пай дорад.

Две женщины на улице. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни 8 март ҷоиз нест: 4 соли зиндони Ҳикматулло барои изҳорот дар “Одноклассники”

Ин дар ҳолест, ки хабарҳо дар мавриди парвандаҳо барои бознашри маводҳою изҳорот дар интернет майли афзоиш доранд.

Аз ҷумла ахиран додгоҳи вилояти Хатлон Ҳикматулло Қосимов, сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои барангехтани кинаю адовати динӣ, миллӣ ва нажодӣ дар шабакаҳои интернетӣ гунаҳкор дониста, ба 4 соли зиндон маҳкум кард

Ба иттилои Додгоҳи вилояти Хатлон, Қосимов Ҳикматулло солҳои 2017-2018 дар сомонаи иҷтимоии "Однокласники" матолиби хусусияти экстремистидош­та, аз қабили “Ҷашни 8 март ҷойиз нест, зеро ин ҷашн моли олами Ғарб аст ва бино ба баъзе гуфтаҳо баъзе занҳо дар Мовароуннаҳр пас аз шикасти ҳукумати исломӣ ҳиҷобсӯзонӣ кардаанд”-ро дар саҳифаи худ ҷой додааст.

Инчунин Қосимов иддаои “Ҷашни 23 феврал, ҳамчунин, аслу эътиқоди динӣ надошта, ҷоиз набуда, ҳаром мебошад” ва дигар изҳоротро, ки ба иттилои мақомоти тоҷик хоси салафиҳо мебошанд, дар саҳифааш ҷой додааст. Додгоҳ афзуд, ки Қосимов бо ин роҳ дар байни 108 нафар дӯсти интернетияш кинаву адовати динӣ, миллӣ ва нажодӣ барангехтааст. 

Лентаи хабарҳо
0