17:04 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Строительство нового дома в Душанбе

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ кам шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0

Коҳиш ёфтани бахши сохтмону меъмории Тоҷикистон имкон дорад ба ворид намудани иҷозатномаи пулакӣ рабт дошта бошад

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар моҳи январ-феврали соли 2019 дар Тоҷикистон 90,1 ҳазор метри квардратӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,6 дарсад камтар мебошад, иттилоъ додааст хабаргузоии “Авесто”.

Бино бар иттилои манбаъ, суръати рушди бахши сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон 25 дарсад коҳиш ёфтааст.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки сустшавии рушди бахши сохтмон дар Тоҷикистон аз соли гузашта шурӯъ шудааст. Дар соли 2018 наздик ба 1,1 миллион метри квадратӣ ба истифода дода шудаас. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 2 дарсад коҳиш ёфтааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бештар биноҳои истиқоматӣ дар пойтахти кишвар бунёд гардидааст.

Ба назари бархе аз коршиносон суръати рушди сохтмони биноҳои баландошёна дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Сабаби сустшавии ин соҳа ба ворид намудани иҷозатномаи пулакӣ  рабт доштааст.   

Ёдрас мешавем, ки ширкатҳои сохтусоз акнун барои дарёфти иҷозаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва фурӯшгоҳҳо дар Душанбе барои як метри мураббаъ аз 165 то 220 сомонӣ (23,3 доллар) пардохт хоҳанд кард.

Қонуни “Дар бораи пардохтҳои дигар ба будҷа”, ки ҳукумати Тоҷикистон ислоҳи онро пешниҳод кард, аз сӯи намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлисли Олии Тоҷикистон пуштибонӣ дарёфт кард.

Қабл аз тағйири ин қонун, ширкатҳои сохтусоз чунин пардохтро анҷом намедоданд.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳрдориҳои кишвар барои дарёфти ин пардохтҳо суратҳисоби вижа боз хоҳад кард.

Муассисаҳои буҷавие, ки сохтмонҳои иҷтимоӣ, саноатӣ ва зерсохтҳои гардишгарӣ месозанд, аз ин гуна пардохт озод ҳастанд.

Барчаспҳо:
сустӣ, коҳиш, душанбе, сохтмони бино, эҳдоси биноҳои нав, сохтмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ