14:01 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Молния. Архивное фото

Обуҳавошиносони ҷумҳурӣ имрӯз борони кӯтоҳмуддату раъду барқ пешгӯӣ карданд

Михаил Кутузов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
99 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 11+13  ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 9 то 14 дараҷа ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10- 15 ва рӯзона -3+8, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -1+4 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйрёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

 

Барчаспҳо:
раъду барқ, борону жола, Ожонси обуҳавошиносӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ