Дар Душанбе барои ҷавонон конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

© © Комитет по делам молодежи и спорта РТКомитет по делам молодежи и спорта РТ
Комитет по делам молодежи и спорта РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон конфронси минтақавӣ доир ба сармоягузории ҷавонон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 28-29 марти соли равон конфронси минтақавӣ таҳти ин унвон “Акнун амал кунед – то ояндаро эҷод кунед” доир ба сармоягузории ҷавонон  баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон.

Кремл, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маскав ба конфронс оид ба масоили Афғонистон Амрикоро низ даъват кард

Бино бар иттилои манбаъ, иштирокчиёни конфронси минтақавӣ  бештар дар бораи вазъи сиёсию ҷамъиятӣ ва ҳаёти бевоситаи ҷавонон дар кишварҳои ҳамсуд ва берун аз он табодули назар хоҳанд кард.

Конфронси мазкур бо ташаббуси бевоситаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Тоҷикистон,  Ассотсиатсияи Осиё ва Рушд,  Хазинаи  ҷамъиятии Япония ва Фонди рушди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Дар конфронс ҳамчунин ба масъалаи фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварҳо, иштирок ва ҳамкории бевоситаи ҷавонон дар хаёти парламентҳои мамлакатҳояшон ва натиҷаи тадқиқоти демографии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Ёдовар   мешавем, ки дар конфронси мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, намояндагиҳои муқимии корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд,  иштирок менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0