13:13 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Насилие, архивное фото

ВУД: муовини сардори ШКД Садоқат Назароваро таҷовуз накардааст. Падараш инкор мекунад

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
268801

Падари духтарак ба ВУД бо ариза муроҷиат кардааст, ки бо хабаргузорие дар бораи таҷовуз шудани духтараш аз ҷониби корманди милиса сӯҳбат накардааст ва хабари "Таҷовуз ба номуси ноболиғ аз тарафи муовини ШКД н.Лахш"-ро аз номи вай бофта, мунташир кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабар дар бораи аз ҷониби корманди милиса таҷовуз шудани духтари ноболиғ раддия навишта, онро такзиб кардааст.

"Дар сомонаи isloh.net таҳти сарлавҳаи "Таҷовуз ба номуси ноболиғ аз тарафи муовини ШКД н.Лахш" хабаре нашр шудааст, ки гӯё муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш Маҳмадуллозода Акбар ба номуси Назарова Садоқат Нусратуллоевна, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи мазкур таҷовуз карда бошад ва падари Назарова С., Шарипов Нусратулло Наимович ба сомонаи мазкур муроҷиат намуда, дар ин бора шикоят намудааст", - менависад манбаъ.

Падари Садоқат - Нусратулло Шарипов ба мақомоти корҳои дохилӣ ариза навишта, гуфтааст, ки аз номи ӯ дар бораи таҷовуз шудани духтараш бардурӯғ хабар паҳн карданд, ӯ тарзи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро намедонад.

"Шарипов Н.Н. дар аризааш дарҷ намудааст, ки сардори Раёсати таҳқиқи ВКД генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоилро намешиносад ва суханоне, ки дар хабари мазкур нашр шудаанд, тӯҳмату бӯҳтон буда, ҳамчунин нисбати муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш Маҳмадуллозода Акбар низ ягон даъво надорад", - афзудааст ВУД.

"Оилаи Шарипов Н.Н. носолим ва фарзандонаш душвортарбия буда, духтараш Назарова Садоқат аз хонаашон доим фирор мекардааст", - таъкид мекунад ВУД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, духтарак ду маротиба аз хонаашон - дар солҳои 2017 ва 2018 фирор карда, ду дафъа кормандони милиса ӯро аз Душанбе пайдо ва ба волидонаш баргардонидаанд.

"Мавриди қайд аст, ки Назарова Садоқат айни замон низ аз хона фирор карда, бедарак мебошад ва шаҳрванд Шарипов Н.Н. бинобар сабаби аз ӯҳдаи тарбияи духтари худ набаромадан аз мақомоти корҳои дохилӣ хоҳиш намуд, ки ӯро пайдо намуда, ба роҳи рост ҳидоят намоянд", - меафзояд манбаъ.

Мавзӯъҳои асосӣ