13:23 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳукми қотилони Поляков, чемпиони 82-сола дар Душанбе

© Sputnik / Андрей Старостин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1045 0 0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аслиддин Беков, сокини 30-солаи Душанбе, падари 2 фарзанд ва Толибҷон Алиев, сокини 34-солаи пойтахт, падари се фарзандро барои қатли чемпион ва мураббии солхӯрдаи Тоҷикистон равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Додгоҳ муттаҳамонро дар дуздӣ, роҳзанӣ ва расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки боиси ба ҳалокат расидани ҷабрдида шудааст, гунаҳкор дониста, Аслиддин Бековро ба 14 сол ва Толибҷон Алиевро ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳадафи роҳзанҳо Поляков Иван Ивановичи 82-сола, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Бар асоси тафтишот, Алиев ва Беков шаби 7 декабри соли 2018 тахминан соати 22 ба 23, дар кӯчаи Қурбон Раҳимови шаҳри Душанбе нахуст аз манзили Нехмонова Миҷгона як адад ангуштаринро дуздида, сипас ба хонаи дигар дар ин кӯча гузаштаанд.

Манбаъ афзуд, ин ду нафар шишаи тирезаи хонаи Поляков Иван Ивановичро шикаста, ғайриқонунӣ вориди хона шудаанд.

Соҳибмулк аз шикастани садои тиреза хабар ёфта, аз ҷои хобаш нимхез шудааст, аммо Алиев бо курсӣ – “табуретка” як бор ба сари Поляков зада, сипас ба сару рӯи ҷабрдида ду мушти дигар задааст.

Тибқи иттилои додгоҳ, ҳамлагарон аз ҷайби "куртка"-и дар дари ҳуҷра овезонбуда, тахминан  2000 сомонӣ пули нақд, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, як ҷуфт медали ифтихорӣ ва як адад гармкунаки барқӣ – “радиатор”-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Иван Поляков, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дар куштии юнониву румӣ ва тарзи озод ва Муррабии шоистаи Тоҷикистон, баъди чанд рӯзи ин ҳамла, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш 13 декабри соли 2018 дар бемористони Қарияи боло даргузашт.

Муттаҳамон дар мурофиа гуноҳашонро эътироф карда, аз додрас хостаанд, ҷавонии онҳоро ба назар гирифта, нисбати онҳо ҷазои сабук таъин кунад. Додгоҳ барои маҷмӯи ҷиноятҳо Аслиддин Бековро ба 14 сол ва Толибҷон Алиевро ба 16 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки Поляковро дар ҳолати вазнин шогирдонаш пайдо карда, ба бемористони Қарияи боло бурдаанд, вале табибон ӯро натавонистанд, наҷот бидиҳанд.

Иван Иванович Поляков моҳи августи соли 1936 дар вилояти Тамбови Русия ба дунё омада буд. Вай устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ буда, чор маротиба сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар куштӣ – се маротиба дар куштии юнониву румӣ ва як маротиба – дар куштии тарзи озод шуда буд.

Поляков яке аз маъруфтарин мураббиёни куштии юнониву румӣ дар Тоҷикистон буда, унвони мураббии шоистаи Тоҷикистон дошт.

Мавзӯъҳои асосӣ