Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба таъсисоти рустоҳои Тоҷикистон дар хати Каса -1000

© Фото : PixabayТелефонный столб с проводами.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди таъмини энержии рустоҳои Тоҷикистон, ки дар масири сохти хати Каса - 1000 воқеъ шудаанд, 24 миллион доллар кумак мекунад, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Ба гузориши манбаъ, Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки як севум аз ин маблағ барои беҳбуди фаъолияти таъсисоти зербиноии барқ дар ноҳияи Исфара ҳазина хоҳад шуд.

Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони CASA–1000 ба таъхир афтод

Дар маҷмуъ ин манобеи молӣ заминаи беҳбуди фаъолияти таъсисоти зербиноии барқи 60 русто дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва навоҳии марказии Тоҷикистонро, ки дар масири сохти хати Каса - 1000 воқеъ шудаанд, фароҳам хоҳад кард.

Тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба Каса - 1000 як проекти минтақаӣ аст, ки бозори хариду фурӯши барқ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ба вуҷуд меоварад. Бо иҷрои ин тарҳ, дар фасли тобистон барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил хоҳад шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷ миллиард киловатт соат барқро аз тариқи хати Каса - 1000 ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ Тоҷикистон метавонад солона 150 миллион доллар даромад ба даст оварад.

Маросими оғози сохти тарҳи Каса - 1000 бо ҳузури сарони кишварҳои шарик дар ин проект рӯзи 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0