Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат: барои хуб гузаронидани зимистон бояд аз имрӯз омодагӣ дид

Обуна шудан
Имрӯз таҳти роҳбарии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Имрӯз 28 март таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.

Ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили Рӯзи махсуси гулу ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон

Манбаъ афзудааст, ки нахуст “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳия кардани лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 мебошад. Ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон аз имрӯз омодагии ҷиддӣ бинанд ва ҷиҳати татбиқи нишондодҳои лоиҳа тадбирҳои амалӣ андешанд.

Концерт в честь Международного праздника Навруз в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаҳо ғайри Аловуддин ҳама нав буданд: баҳои аълои Раҳмон ба ташкилкунандагони Наврӯз

Сипас, дар бораи лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2019”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 гузориши вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода шунида шуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон дал старт реконструкции автодороги Душанбе-Курган-Тюбе - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар Бохтар санги асос гузошт

Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” баррасӣ карда шуданд.

Лоиҳаҳои қавоини муҳокимашуда ва хулосаи Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати кишвар ба лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.

Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумат  Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сухту озуқа, омодагии иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар фасли сармо, вусъати корҳои саҳроӣ, идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас доданд.

Лентаи хабарҳо
0