04:33 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Похолодание в Душанбе

Ҳушдори КҲФ аз боронҳои зиёд, сел, сангрезиш ва тарма дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
533 0 0

Ҳаво дар Тоҷикистон якбора номусоид шуда, борон шиддат мегирад, ки ин боиси баланд шудани оби рӯдҳо, резиши санг, лағжиши тарма ва омадани сел шуданаш мумкин аст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар Тоҷикистон ҳаво якбора намусоид шуда, бориши бошиддати борон хатарҳои зиёдро пеш меорад.

"Дар кишвар то охири ҳафта ҳавои номусоиду сербориш боқӣ мемонад. Дар манотиқи куҳии кишвар борон шиддат мегирад, омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо истисно нест. Дар роҳҳои куҳӣ лағзиши тарма низ эҳтимол дорад", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, шиддати беш аз ҳадди борон дар куҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.

"Ғайр аз ин боронҳои пай дар пай метавонанд якбора сатҳи об дар рӯдхонаҳои манотиқи баланкуҳ ва тезҷараёнро боло баранд. Дар ин гуна ҳолатҳо хатари зери об мондани киштзорҳо ва вайрон шудани пулҳои осебпазир зиёд аст", - таъкид мекунад КҲФ.

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва зиракиро аз даст надиҳанд.

"Бачаҳоро беназорат нагузоред ва агар шумо дар куҳед ва ё назди махзани об, ҳатман қоидаҳои бехтариро риояи намоед!", - хоҳиш намудаанд мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

Кумита дар анҷом афзудааст, ки рӯзе қабл духтарчаи дучолае дар яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон аз беаҳамиятии волидон ба канал ғарқ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ