09:10 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото

"Ду устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуданд"

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
323 0 0

Дар ҳоли ҳозир бо ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми дарёфти ришва ва таҳияи асноди тақаллубӣ ва муҳру имзои сохтагӣ, баррасии ин моҷаро оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои Тоҷикистон менависад, ки ду кормандони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуданд.

Ба иттилои манбаъ, кумитаи дини кишвар ин хабарро таъйид кардааст.

"Мақомоти ин кумита гуфтаанд, ки Абдуссамад Яҳёев, мудир (декан) - и бахши исломшиносӣ ва Наҷмиддин Самиев, масъули умури озмуни ин донишкада ба иттиҳоми дарёфти маблағи наздик ба 70 ҳазор доллар аз 22 довталаби вуруд ба ин маркази омӯзишӣ, бидуни мушорикати онон дар озмуни саросарии вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, боздошт шудаанд", - менависад хабаргузорӣ.

Дар ҳоли ҳозир бо ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми дарёфти ришва ва таҳияи асноди тақаллубӣ ва муҳру имзои сохтагӣ, баррасии ин моҷаро оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2015 бояд тамоми довталабони вуруд ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои ин кишвар дар озмуни саросарӣ, ки аз сӯйи маркази воҳиди имтиҳонот баргузор мешавад, ширкат кунанд ва танҳо бо таъйиди ин марказ афроди пазиришшуда метавонанд дар марокизи омӯзишӣ машғул ба таҳсил шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ