00:55 16 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Вид на город Душанбе с моста ЖД вокзала, архивное фото

Бонувони афғон дар Тоҷикистон шеваҳои наҷотро меомӯзанд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Дарси омӯзишии мазкур барои ҳамкориҳо миёни наҷотдиҳандагони ду кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар ҳоли ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бонувони афғон дар Тоҷикистон шеваҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.

"Зарфи як ҳафтаи оянда наҷотдиҳандагони КҲФ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оқохон оид ба зистгоҳ усулҳои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот бо истифода аз як силсила таҷҳизотҳо ва воситаҳои ҳимояи шахсиро тамрин мекунанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дарсҳо бо дастгирии Агентии Оқохон оид ба зистгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд ва он аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Британияи Кабир гузаронида мешавад.

Дарси омӯзишии мазкур барои ҳамкориҳо миёни наҷотдиҳандагони ду кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар ҳоли ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст.

Ин шакли дарс имкон медиҳад, ки мутахассисон аз таҷрибаҳои якдигар низ омӯзанд.

Мавзӯъҳои асосӣ