Баҳори сард: имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тамоми минтақаҳои кивар боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо эҳтимол аст барф борад

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф  дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 6-11  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   10-15 ва  дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво 1-6 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо    то 0-5  дараҷа сард мешавад.

Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз боронҳои зиёд, сел, сангрезиш ва тарма дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, борон меборад.  Дар баландии зиёда аз 2 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва  рӯзона 15-20 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда,  рӯзона  ҳарорат ба 9-14  дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14  ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  5-10  ва   рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 7-12  ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5  ва рўзона  9-14  дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар  назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 8-10  ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0