20:29 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото

Вазир: дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ бештар шудааст

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Ин нуктаро вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, дар толори Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии сатҳи баланди “Иқлим ва рушди устувор барои ҳама” гуфтааст.

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Зимни суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин таъкид намуда, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи офатҳои табиӣ ба таври назарраc афзоиш ёфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд карда, ки истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, ба вежа нерӯгоҳҳои обию барқӣ, ки ба муҳити зист кам таъсир доранд, ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуда, ки тайи даҳсолаҳои ахир шумораи пиряхҳо дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби тозаи минтақа мебошанд, коҳиш ёфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба афзоиши истеъмоли оби нӯшокӣ дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва обшавии пиряхҳо, таъкид кард, ки кишварҳои минтақа бояд барнома ва стратегияҳои худро ҷиҳати истифодабарии самараноки об бозбинӣ намоянд ва бо мақсади мусоидат ба мудирияти оқилонаи он тадбирҳои муштарак андешанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин ҳозиринро бо натиҷаҳои чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим», ки рӯзи 27 марти 2019 бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, шинос намудааст.

Мавзуъ

Марги 12 нафар бар асари офатҳои табиӣ
Назарзода барои наҷоти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ ба Мексика рафт

Мавзӯъҳои асосӣ