Ҳайрати Брюс Максвел аз лолаҳои Хуҷанд ва дидори тасодуфӣ бо раиси шаҳр

© Sputnik / Стас ЭтвешМавзолей Камолу Худжанди в городе Худжанд
Мавзолей Камолу Худжанди в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаҳонгарди амрикоӣ Брюс Максвел, бо таассуф мегӯяд, ки то имрӯз дар бораи Тоҷикистон, бахусус шаҳрҳои қадимаи он қариб ки маълумоте днадошт.

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Ҷаҳонгардони амрикоӣ пас аз гардиш дар шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин унвон кардаанду гулҳои ин шаҳрро дар ҷаҳон беназир гуфтаанд. Дар ин бора равобити умумии мақомоти шаҳри Хуҷанд менависад. 

Як гуруҳ сайёҳони амрикоӣ иборат аз 10 нафар дар доираи як барномаи вижа аз мавзеъҳои Хуҷанди бостонӣ боздид карданд. Ба сайёҳон бахусус лолаҳои гуногунранги шукуфта мақбул афтода, онро дар ҷаҳон беназир унвон намуданд.

Антон Кротов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гардишгар: Тоҷикистон худ дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон мебандад

Тавре, ки сайёҳи амрикоӣ Брюс Максвел, ки сокини иёлоти Аризона аст, бо таассуф мегӯяд, ки то имрӯз дар бораи Тоҷикистон, бахусус шаҳрҳои қадимаи он қариб ки маълумоте дар даст надошт. Солҳои зиёд Тоҷикистон дар сояи собиқ ИҶШС муаррифӣ мешуд ва кам касон дар бораи таъриху тамаддуни бойи миллати тоҷик маълумот доштанд.

Брюс Максвел бо изхори самимӣ ва хушнудӣ мегӯяд, ки зимни воридшавӣ ба шаҳри Хуҷанд онҳоро лолаҳои гуногунранг “истиқбол” намуданд, ки назирашро чун сайёҳи собиқадор дар ягон гӯшаи дунё надидааст.

Мардони сабзина, духтарони оҳучашм ва меҳмоннавозӣ: бардошти "Орёл и Решка" аз Тоҷикистон

Мардуми шаҳри Хуҷанд бо самимият ва одоби баланди муошират бо сайёҳон муроҷиат кардаанд. Барояш аз таъомҳои миллӣ шӯрбо ва бахусус оши палав хеле писанд омад, ки бо маҳорати баланд пухта мешавад ва хеле бомазза будааст.

Брюс Максвел Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи замин унвон намуда, аҳд намудааст, ки баъди бозгашт ба кишвараш ба дигар сайёҳон тавсия медиҳад. Хизматрасонии дастрас, обу ҳавои тоза, мардуми меҳрубон, фазои амну ооишта, табиати нотакрор ӯро маҷбур менамояд, ки дар зудтарин фурсат боз ба ин кишвар сафар намояд.

Сайёҳони амрикоӣ тасодуфан дар даромадгоҳи Боғи Камоли Хуҷандӣ бо раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вохӯрда, мулоқоти судманд анҷом доданд.

Гостиница Бахористом в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаштсад ҷаҳонгард шаҳри Хуҷандро интихоб карданд

"Сайёҳон ба шаҳрдор барои зебову пуртароват намудани шаҳри қадимаи Хуҷанд арзи сипос намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр шаш муассисаҳои сайёҳӣ ба монанди ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Саёҳати олӣ”, “Суғдиён-Помир-Тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зарафшон” фаъолият бурда истодаанд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ хатсайрҳои дохилӣ, ба монанди “Шоми Душанбе”, Искандаркўл”, “Ҳафткўли мўъҷизадор” фаъолияти пурсамар доранд.

Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 680 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Дар 11 моҳ беш аз 56 ҳазор сайёҳ аз Хуҷанд дидан кардаанд

Дар соли ҷорӣ зиёда аз 64,0 ҳазор нафар ба шаҳр ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳр бархурдор шуданд, ки аз онҳо 4,3 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 59,7 нафар сайёҳони дохилӣ буда, гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 2,7 млн. сомонӣ мебошад.

Дар қатори дигар иншоотҳо ҷиҳати бунёди инфрасохтор ва рушду такмили соҳаи сайёҳӣ ба бунёди роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр, тарабхонаи брендии “Форел” дар кўчаи Сирдарё оғоз гардида, тарабхонаи “Темурмалик” дар хиёбони Раҳмон Набиев рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.

Бояд қайд намуд, ки соли гузашта меҳмонхонаи “Парламент” ва қаҳвахона-тарабхонаи замонавӣ бо номи «Ситораи Хуҷанд» ба истифода дода шуда, шиногоҳи соҳили дарёи Сир аз нав эҳё гардид.

Лентаи хабарҳо
0