Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Барқи тоҷик" дар изҳороти наваш "далел"-и барқкуширо шарҳ додааст. Ширкат мегӯяд, ки аҳолии кишвар аз онҳо ҳудуди 1 миллиард сомонӣ қарз дорад ва дар ин ҳолат таъмини барқ қариб ғайриимкон аст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Чанд ҳафтаи ахир аст, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дубора ҷорӣ шудани лимити барқ дар баҳор шикоят мекунанд. Ба гуфтаи сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, барқро дар маҳалҳои онҳо шабона ё рӯзона хомӯш мекунанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" дар изҳороти наве "сабабҳои" барқкуширо тавзеҳ дода, ҳаҷми қарзи аҳолиро надики як миллиард сомонӣ арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки дар ин ҳолат таъмини пурра бо барқ қариб ғайриимкон мешавад.

Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш намояндаи ширкат барқкуширо бо корҳои профилактикиву таъмирӣ рабт дода гуфта, буд, ки аҳолӣ то ҷашни Наврӯз пурра бо барқ таъмин мешаванд.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз омаду барқ не: гилаи сокинон аз ваъдахилофии “Барқи тоҷик”

Ҳамин тавр, ширкат таъкид мекунад, ки шарти асосии таъмин будан бо барқ сарфа ва пардохти маблағи он мебошад. 

“То имрӯз қарзи аҳолии кишвар аз барқ ба  як миллиард сомонӣ наздик шудааст. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзами кишвар бо барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон гардидааст”, - омадааст дар изҳорот.

“Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ  беист барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи  60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд...”, - афзудааст манбаъ.

Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик" пас аз хомӯшӣ эълом кард, ки чаро "лимит" дубора ҷорӣ шуд

Тамоми мушкилот  бартараф мегардад, ба шарте, ки  ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд, дубора таъкид мекунад ширкат.

“Вобаста ба ин ҳама ШСХК "Барқи тоҷик" ба Шумо, муштариён бо камоли эҳтиром муроҷиат менамояд, ки барои доимо бо барқ таъмин будан, ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва сари вақт пардохт намоед. Мо ба хотири доимо нурборону пурзиё  будани хонадони шумо ягон чизи зиёдатӣ талаб надорем. Фақат хоҳиш мекунем маблағи барқи истифода бурдаатонро, яъне маблағи барқи насия гирифтаатонро пардохт намоед!”, - афзудааст “Барқи тоҷик”.

Ҳамчунин ширкат аз уламои Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки аҳолиро аз ҳаром будани дуздидани барқ огоҳ кунанд.

“Дуздидани барқ ин дуздии оддӣ нест, балки он даст халондан ба кисаи давлат, ба хазинаи ҷомеа ва рабудани ҳаққи ҳамсояву ҳамдеҳа аст. Бигузор, уламои дини мубини ислом шарҳ диҳанд, ки  хӯроке, ки бо барқи дуздӣ  тайёр карда мешавад, оё  ҳалол аст?  Ё ибодати мусулмоне, ки барои ба намоз омода шудан аз барқи дуздӣ истифода мебарад,   қабул мегардад?  Дар суннати миллати мо дуздӣ бадтарин гуноҳ аст. Ҳатто пеш аз ҷаноза мепурсанд, ки маит оё аз касе қарздор нест? Ва дуздони барқ низ дер ё зуд албатта ба ҷазо гирифтор мешаванд!”, - ҳушдор медиҳад ширкат.

Лентаи хабарҳо
0