17:13 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Рукопожатие, архивное фото

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ "Ёддошти ҳамкорӣ" дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расониданд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Миёни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки ҷиҳати муаррифии захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019. Баҳор”, ки аз 28 то 31 марти соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, дар баробари дигар маҳсулоти ватанӣ, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маърази шарикони потенсиалӣ гузошта шудааст.

Дар ин замина, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода бо Президенти Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея хонум Йу Ҷейок, ки барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масоили доир намудани бизнес-форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Корея, намоишгоҳҳои сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Корея оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омўзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду кишвар баррасӣ гардид.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин, тарафҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз намуданд.

Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки дар соли сипаршуда 1363 нафар шаҳрвандони Корея ба Тоҷикистон ташриф оварда, ин раванд тамоюли афзоиш дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2018 пресс — турҳо ҷиҳати сабти филмҳои мустанад дар ҳамкорӣ бо бузургтарин шабакаи телевизиони давлатии Корея-KBS ташкил карда шуда, наворҳои зебо оид ба захираҳои сайёҳии мамлакат тавассути шабакаи KBS ба сайёҳони эҳтимолии Кореяи Ҷанубӣ намоиш дода шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ