17:11 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото

Хоҷазода-раиси кумита, Файзуллозода-вазир: вакилон таъиноти президентро ҷонибдорӣ карданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3635 0 0

Шукурҷон Зуҳуров пас аз ҷонибдории комили аъзои Маҷлиси миллӣ онҳоро шодбош ва дар фаъолияташон муваффақият таманно кард

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъин ва барканор шудани масъулини баландпоя қироат гардида, вобаста ба он вакилон қарори дахлдор қабул карданд.

Ёрдамчии раисҷумҳур Зариф Ализода фармонҳои Эмомалӣ Раҳмонро  "Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимзода Қ.", "Дар бораи аз вазифаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобозода Ш.", "Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Хоҷазода Ориф Ашўрӣ", "Дар бораи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Заробиддин Қудрат" қироат намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ва Файзуллозода Заробиддин Қудратро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои сатҳи баланди давлатӣ – аъзои Ҳукумати кишвар таъйин намуда,  аз ҷонибдории комили аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархўрдор гардиданд, самимона табрик гуфт.

Дар кори ҷаласаи мазкур раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ– намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ