23:19 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1410 0 0

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбарияти вилояти Суғд, гурӯҳи ҷавонон бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида пазироӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар  ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбарияти вилояти Суғд, гурӯҳи ҷавонон бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида пазироӣ намуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области
© Фото : Пресс-служба президента РТ

"Ҳадаф аз ин сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад", - тавзеҳ медиҳад дафтари матбуотӣ.

Пештар кишвардори Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафар карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ