04:55 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Жители идут по снежной каше, снег убирают плохо

Барфу борон: имрӯз дар Тоҷикистон борон сахт меборад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
383 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борони шиддатнок ва дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону Суғд, боридани барф пешбинӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ба иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф  дар назар аст. 

Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0-5  ва  рӯзона 5-10  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   3-8  ва  дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво 1-6 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо  то 0-5  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд, ҳавои абрнок шуда, борон меборад.  Дар баландии беш аз 2 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14  ва  рӯзона 17-22 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда,  рӯзона  ҳарорат ба 8-13  дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок  шуда, борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат ёфта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  7-12  ва   рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ  ба амал меояд.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14  ва рўзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5  ва рўзона  5-10  дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шабона шиддатёбии он дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12  ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ