13:29 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон парчами давлатӣ барафрохт

Раисиҷумҳур дар пояи 50-метрӣ парчами давлатӣ барафрохт

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
481 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Парчми давлатӣ барафрохт

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии  матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кӯдакистони Парасту дар шаҳри Гулистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

“Иншоот дар масоҳати 0,80 гектар бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст. Майдони мазкур бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза оро ёфтаааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 150 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд ва дар маҷмӯъ шумораи дарахтони ин мавзеъ қариб 200 бехро ташкил медиҳад. Дар ду шафати Парчами давлатӣ фаввора сохта шудааст, ки масоҳати ҳар кадоми он ба 50 метри мураббаъ баробар мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кард, ки атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 700 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, шумораи чароғҳои равшанидиҳанда беш аз 50 адад ва нишастгоҳҳои ин мавзеъ ба 30 адад баробар аст.

Мавзӯъҳои асосӣ