Рамзи озмуни “Сайри гули лола” тасдиқ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе пришла весна
В Душанбе пришла весна - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамзи озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” аз тарафи иттифоқи рассомони Тоҷикистон таҳия шуда, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Тоҷикистон дида мешавад

ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Рамзи озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, рамзи мазкур аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон таҳия шуда, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Тоҷикистон истифода шудааст. 

Рамзи мазкур барои истифода дар сар то сари кишвар дар баргузории чорабиниҳои Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” дар солҳои 2019-2021 пешбинӣ шудааст. 

Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” мувофиқи амри Президенти Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. 

© Министерство культуры РТУтвержденный герб конкурса "Сайри лола"
Рамзи озмуни “Сайри гули лола” тасдиқ шуд - Sputnik Тоҷикистон
Утвержденный герб конкурса "Сайри лола"

Манбаъ таъкид намудааст, ки соли ҷорӣ баргузории озмуни мазкур дар даҳаи сеюми моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст. 

Ҳамоҳангсози асоси баргузории озмун Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон буда, он дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0