21:20 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ифтитоҳ бахшид

пресс-служба РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Дар Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен фаъолияти маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо 24 ҷойи нави корӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ ва хонаи ақди никоҳ ба роҳ монда шудааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ифтитоҳ бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Президенти кишвар.

 “Қасри фарҳанги деҳоти Куруш, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, аз ҷумлаи корҳои созандагие мебошад, ки ба муносибати истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо риояи унсурҳои беҳтарини меъмории миллӣ бунёд гардидааст”, - изҳор доштааст раисҷумҳури кишвар ба мардум.

Дар Қасри фарҳанг фаъолияти маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо 24 ҷойи нави корӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ ва хонаи ақди никоҳ ба роҳ монда шудааст, ки дар самти ба шуғл фаро гирифтани занону бонувони хонашин ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Толори асосии қаср бо 600 ҷойи нишаст барои баргузор намудани ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ хеле мусоид мебошад.

Ҳамчунин, дар шафати қаср аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии “Спитамен-текстайлз” толори пӯшидаи варзиш ва майдончаи бозии кӯдакона бунёд гардидааст, ки беҳтарин туҳфа барои кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, Спитамен, Тоҷикистон, тоҷик

Мавзӯъҳои асосӣ