16:10 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ доир ба гардишгарӣ санади ҳамкорӣ имзо карданд

CC BY-SA 2.0 / letsgopens87 / IMG_4138
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифтанд ҳамкориҳои гардишгариро тақвият бахшанд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ санади марбутаро имзо карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси ин кумитаи ва Ю Жеёк, раиси Созмони гардишгарии байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ дар поёни ҳафтаи гузашта дар Душанбе мулоқот карданд.

Зимни мулоқот тарафҳо дурнамо ва имконоти ҳамкории ду кишвар дар заминаи гардишгариро баррасӣ карданд.

“Аз ҷумла, масоъили баргузории нишасти ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, созмону роҳандозии намойишгоҳҳои гардишгарӣ ва омӯзиши таҷрубаи Кореяи Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, баргузории давраҳои омӯзиши кормандони заминаи гардишгарии Тоҷикистон ва ҷазби мутақобилаи гардишгарони ду кишар баррасӣ шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, дар анҷоми мулоқот ёддошти ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ миёни кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон ва Созмони гардишгарии байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расид.

Тибқи омори расмӣ дар соли гузашта Тоҷикистон 1 ҳазору 363 гардишгари Кореяи Ҷанубӣ боздид намудааст.

Барчаспҳо:
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ёддошти ҳамкорӣ, ҳамкорӣ, гардишгарӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ