21:29 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы

Нахуствазири Қирғизистон: масъалаи марзро намешавад бо зӯр ҳаллу фасл кард

© Фото / пресс-служба ГПС КР
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73110

Нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқолӣ Абулғозиев бар ин назар аст, ки масъалаи таъйину аломатгузории марз ниёз ба кӯшишҳои муштараки ду кишвар дорад

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik.  Муҳаммадқолӣ Абулғозиев, нахуствазири Қирғизистон гуфт, ки таъйину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон ниёз ба рӯйкарди созанда ва хирадварзона дорад ва ин масъаларо намешавад бо зӯр ҳаллу фасл кард.

“Тавре мо медонем масъалаи таъйину аломатгузории марз мавзӯи мушкилест, ки ниёз ба кӯшишҳои муштараки ду кишвар дорад. Ин масъала ниёз ба рӯйкарди созанда ва хирадварзона дорад.

Ба гуфтиа нахуствазири Қирғизистон баъд аз сар задани моҷаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни раисҷумҳурон ва сарвазирони ду кишвар мулоқотҳо анҷом ёфт.   

“Мо ҳамеша дар тамос будем, ҷараёни музокиротро назорат мекардем ва бо ин иқдом  тавонистем протоколеро ба имзо расонем, ки ба нафъи ҳар ду кишвар аст”, -таъкид намудааст Абҷлгазиев.

Нахуствазир қайд намудааст, ки ғамхории деҳаи Оқсой, ки ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд, вазифаи муҳим ва авлавияти ҳукумат дар соли рушди минтақаҳо мебошад.

“Маблағи лозима барои сохтмони роҳ, бозсозии мактаб, сохтмони пул пайдо карда мешавад”, - гуфт нахуствазир.

Ёдрас мешавем, ки Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

Барчаспҳо:
аломатгузорӣ, ҳаллу фасли мушкилоти мардум, сарвазир, нахуствазир, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ