Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали "Сайри гули лола” ба гулпарварони Хуҷанд баҳои баланд дод

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз дар доираи сафари кориаш ба вилояти Суғд дар фестивали "Сайри гули лола” ва озмуни вилоятии “Гулҳо”, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik.  Субҳи рӯзи 2 апрели соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фестивали “Сайри гули лола” ва озмуни вилоятии “Гулҳо” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Эмомали Рахмон посетил комплекс туризма и отдыха Остров Темурмалика в Бободжон Гафуровском районе  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Хуҷанд Роҳи танобӣ”-ро аз болои дарёи Cир ба истифода супорид

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар фестивали “Сайри гули лола” ва озмуни вилоятии гулҳо аз ҷониби намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон ҳунари рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо тарзу услуби хос дар сатҳи хеле баланд офарида шудаанд, муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин дар асоси талаботи озмуни вилоятии гулҳо ва фестивали “Сайри гули лола” аз ҷониби донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ композитсияи адабӣ-фарҳангӣ манзур карда шуда, байни духтарону писарон дар васфи гули лола қироати шеър, байтбарак ва бадеҳахонӣ низ сурат гирифт.

Фестивали “Сайри гули лола” ва озмуни вилоятии “Гулҳо” аз рӯи панҷ номинатсия – “Ороиши беҳтарин”, “Гулдастаи беҳтарин”, “Икебани беҳтарин”, “Рассоми беҳтарин” ва “Гулпарвари беҳтарин” гузаронида шуда, ғолибон вобаста ба талабот, ки дар он истифодаи ҳарчи бештари намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсияву дизайни ҷолиб, сифати кор ва нашъунамо дар мадди аввал қарор дорад, муайян карда мешаванд.

Ба ғолибони озмун диплом, сипоснома ва мукофотпулӣ ба ҳисоби аз ҳазор то се ҳазор сомонӣ супорида хоҳад шуд.

В Душанбе пришла весна - Sputnik Тоҷикистон
Рамзи озмуни “Сайри гули лола” тасдиқ шуд

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба фаъолияти касбии гулпарварони Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки соли равон зиёда аз 300 ҳазор гули лола шинонидаанд, баҳои баланд дод.

Айни замон дар ҳудуди боғи мазкур қариб 40 намуди гули лола қад кашидаву шукуфтааст ва бо рангорангиаш ба ин мавзеъ ҳусну таровати бештар зам намуда, барои тамошои он ҳамарӯза шумораи зиёди сокинон ва меҳмонони хориҷӣ ташриф меоранд.

Дар ҳудуди боғи мазкур, ки қариб 9 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон беш 100 ҳазор бех дигар навъи гул ва зиёда аз 30 намуд дарахту буттаҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шудаанд.

Тибқи маълумоти масъулон, соли гузашта қариб 70 ҳазор нафар аз ин боғ дидан намудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Соли равон бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии сокинон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 2 миллион бех гули лола шинонида шудааст, ки аз ин нишондод 1 миллионаш ба шаҳри Хуҷанд рост меояд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амри раисиҷумҳуру қарори шаҳрдорӣ барои ташкили озмуни “Сайри гули лола”

Ёдовар мешавем, ки даври якум ва дуюми фестивали “Сайри гули лола” дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо баргузор шуд ва даври сеюми он дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Манбаъ қайд намудааст, ки ҳадафи асосии баргузории фестивали “Сайри гули лола” ва озмуни вилоятии “Гулҳо” вусъат бахшидани ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ дар байни аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0