04:08 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи “Темурмалик”-ро ифтитоҳ кард

© пресс-служба главы РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
384 0 0

Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи ғайриодӣ ба соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос карда, онҳоро барои идомаи тадбирҳои созанда даъват намуд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik.  Дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи “Темурмалик”-ро мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

“Тарабхона аз ду ошёна ва тахҳона иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст, ки ҷойи хеле хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мебошад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Масоҳати умумии тарабхона 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тарабхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ- роҳбари ҶДММ “Абдурашид” Абдурасул Раҷабов сохта шуда, ба хотири гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро гирифтааст.

манбаъ қайд намудааст, ки тарҳи тарабхона намуди киштиро дошта, лоиҳаи меъмории он аз тарафи ширкати “Суғдшаҳрофар” омода шудааст.

Акнун сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд аз шароиту имкониятҳои тарабхонаи нав дар соҳили дарёи Сир барои фароғати хеш истифода баранд.

Барчаспҳо:
иншоот, ифтитоҳ, киштӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ