Рустам Эмомалӣ байни занони Душанбе озмун эълон кард: кӣ метавонад иштирок кунад?

© Amir IsaevГлава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф
Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахт озмуни "Кадбонуи беҳтарин" баргузор мешавад. Ҳайъати комиссияи озмуни мазкурро раиси шаҳр бо тасвиби қароре тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар Душанбе байни занони ҳунарманд озмуни "Кадбонуи беҳтарин" эълон гардидааст. Дар ин бора қарори нави раиси шаҳр ба тасвиб расидааст.

Дар қарори №174 аз 01.04.2019 гуфта мешавад, мақсад аз он, "иҷрои банди 21 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мебошад".

Конкурс «Авто-Бону-2015» - Sputnik Тоҷикистон
"Авто-Бону - 2019": дар Душанбе барои занони ронанда озмун баргузор мешавад

Тавре дар банди аввали санад гуфта мешавад, ҳайъати комиссияи шаҳрии озмун тасдиқ гардидааст.

Озмун дар ду давра - ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор мешавад. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани озмуни "Кадбонуи беҳтарин" масъул гардидаанд.

Дар озмун тамоми бонувони пойтахт, ки ҳунари пазандагӣ доранд, метавонанд ширкат варзанд.

Чанде пеш, байни бонувони пойтахт озмуни "Авто -Бону-2019", ки ҳамасола баргузор мешавад, доир гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0