04:53 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Обуҳавошиносон: дар пойтахт ҳаво то 29 дараҷа гарм хоҳад шуд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи дар назар аст.  Ҳаво  шабона 13-15  ва рӯзона 27-29  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12  дараҷа гарм шуда, рўзона ҳарорат ба  13-18  дараҷа  мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 4-9 ва  рӯзона 13-18  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   3-8  ва  дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи   бебориш шуда,  дар водиҳо шабона 17-22  ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  11-16  ва   рӯзона 21-26 дараҷа гарм  мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ