17:39 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото

Артиши Тоҷикистон дар як сол боз ҳам қавитар шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
355 0 0

Дар раддабандӣ на танҳо шумораи силоҳ ба назар гирифта шудааст, балки намудҳои он ҳисоб карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Артиши  Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон 94-ум шуд. Ин раддабандиро созмони Global Firepower дар саҳифаи худ интишор намудаст.

Мувофиқи раддабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд. Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар раддабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Миёна артиши Узбакистон 48-ум, Қазоқистон 54-ум, Туркманистон 75-ум ва  Қирғизистон 91-ум шудаанд.

Тибқи гузориши манбаъ, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифта шудааст.

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани раддабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Ҳамчунин қайд кардан лозим аст, ки тибқи маълумоти манбаъ соли гузашта Артиши  Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон 96-ум шуда буд.

Барчаспҳо:
радабандӣ, Артиши Тоҷикистон, қувваҳои мусаллаҳ, артиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ