Кумаки техникии Британияи Кабир ба Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон

© МВД РТВеликобритания помогла государственной пожарной службы РТ техническим оснащением
Великобритания помогла государственной пожарной службы РТ техническим оснащением - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҷҳизоти гуногуни техникӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои расонидани ёрӣ ба одамон дар вақти рӯх додани садамаҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулода ба СХДО ҳамчун кумаки башардӯстона супорида шуданд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Намояндагони Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва Ташкилоти британиягии “Кумак ҳангоми сӯхтор” ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (СХДО) кумаки худро дар намуди таҷҳизоти техникӣ-оташнишонӣ мерасонанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.

Столица государства Катар - Доха, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатар ба КҲФ Тоҷикистон барои харидории таҷҳизоту омузиши мутахассисон кумак хоҳад кард

Манбаъ афзудааст, ки санаи 28-уми март вохӯрии роҳбарияти СХДО бо намояндагони Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва Ташкилоти британиягии “Кумак ҳангоми сӯхтор” доир гардид.

Ҷонибҳо масоили марбут ба рушди ҳамкориҳо дар самти расонидани кумак ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои сӯхтор, садамаҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулода дар шароити кӯҳсор, гузаронидани одамон дар чунин ҳолатҳо аз як соҳил ба соҳили дигари дарёҳо ва дигар садамаву ҳодисаҳои нохушро баррасӣ намуданд.

Намояндагони Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва Ташкилоти британиягии “Кумак ҳангоми сӯхтор” дар баромади худ қайд намуданд, ки онҳо омодаанд бо Вазорати умури дохилӣ, бахусус бо СХДО ҳамкориҳоро идома дода, кумаки худро дар намуди таҷҳизоти техникӣ-оташнишонӣ ва асбобу лавозимоти махсуси расонидани ёрӣ ба одамон ҳангоми рух додани садамаҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, инчунин баргузор намудани тренингҳои омӯзишии кормандони ХДО расонанд.

Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон
Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ барои кашидани хатҳои барқ кумак хост

Вобаста ба ин, аз санаи 28-уми март то 3-юми апрел дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо кормандони СХДО ва ҷузъу томҳои он, тренингҳои омӯзишӣ дар самти расонидани кумак ба ҷабрдидагони садамаҳо ва ҳодисаҳои гуногуни фавқулода дар шароити кӯҳсор гузаронида шуданд.

Инчунин, таҷҳизоти гуногуни техникӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои расонидани ёрӣ ба одамон дар вақти рӯх додани садамаҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулода ба СХДО ҳамчун кумаки башардӯстона супорида шуданд.

Дар баробари ин, пешбинӣ шудааст, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ боз 3 адад нақлиёти махсуси оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ ба СХДО супорида хоҳанд шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба намояндагони Ташкилоти британиягии “Кумак ҳангоми сӯхтор”, ки бо кормандони ХДО тренингҳои омӯзишӣ гузаронида буданд ва ба кормандони хадамоти оташнишоние, ки дар тренинг иштирок доштанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификатҳо супорида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0