03:46 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми имзои санадҳо, акс аз бойгонӣ

Имзои қонунҳои нав: аз таъсиси Фонди пойтахт, то ҷоизаҳои раис ва сабукиҳои андозбандӣ

© Пресс-служба Президента Узбекистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
274110

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз якчанд қонунро, ки парлумони кишвар қабул кард, имзо намуд

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, кодексҳои гумрук ва андозро имзо кард.

Ба иттилои манбаъ, иловаҳое, ки ба қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардиданд,  нишони шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси фонди рушди пойтахтро пешбинӣ намудааст.

“Инчунин мувофиқи ин иловаҳо мукофоту ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе муқаррар гардидаанд, ки бо онҳо сокинони шаҳр ва дигар шаҳрвандоне, ки дар рушди пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд”, - тавзеҳ дод китоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонуни “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”, дар давраи татбиқи мораторий солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта мешаванд.

“Бино ба тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз андози арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд”, - афзуд манбаъ.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид намуд, ки қонунҳои имзошуда ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, ба хусус рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешрафту инкишофи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ