21:59 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Шаҳри Ваҳдат, акс аз бойгонӣ

Ожонси зидди фасод раиси ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдатро дастгир кардааст

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1229 0 0

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз дастгир шудани Баҳромҷон Раҳимов, раиси ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдат хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik.  Тибқи иттилои Ожонс,  Баҳромҷон Раҳимов дар заминфурӯшӣ бо роҳи қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд, 28 январи соли равон, ба Ожонс шаҳрванд “А” муроҷиат карда, арз доштааст, ки Раҳимов аз ӯ барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати Чорсӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб дорад.

“Дар ҳамин асос, худи ҳамон рӯз нисбати раиси Ҷамоати деҳоти Чорсӯи шаҳри Ваҳдат Раҳимов Баҳромҷон бо моддаи 247 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 5000 сомонӣ дастгир шуд. Маблағи зикршуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, - омадааст дар иттилояи Ожонси зидди фасод.

Манбаъ такъид кард, ки феълан тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Раҳимов идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷиноятҳои густурда арзёбӣ мешавад ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аввали соли равон барои пурзӯр намудани мубориза бо ин зуҳурот дар Додситонии кул, раёсати махсусро ташкил дод.

Мавзӯъҳои асосӣ