20:34 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане

Дар пойтахт шаҳрванди Афғонистон бо миқдори калони ҳашишу афюн дастгир шуд

Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
420 0 0

Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрванди Афғонистон Бисмилоҳзода Аминуллаҳ бо миқдори зиёди “ҳашиш” ва “афюн” дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Кормандони Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикисто дар ҳудуди шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Махсум, бинои №89\3, хонаи №43 шаҳрванди Афғонистон Бисмилоҳзода Аминуллаҳро  дастгир намуданд.

“Ҳангоми азназаргузарони манзили истиқоматиаш  30(си) адад бастаҳои кулулашакли дорои маводи хамирмонанди қаҳваранги бӯйи махсусдошта ва 19 (нуздаҳ) адад бастаҳои чоркунҷашакли дорои маводи сахткардашудаи  қаҳваранги бӯйи махсусдошта, мусодира намуданд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин Ожонсӣ қайд намудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ муайян шуд, ки миқдори дар боло зикршудаи воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” ва “афюн”-ро Бисмилоҳзода Аминуллаҳ  аз ҳамватанонаш, бо номи “Шариф” ва “Нур” бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, дастрас намудааст.

Дар ҳоли ҳозир нисбати Бисмилоҳзода Аминуллаҳ ва шаҳрвандони Афғонистон шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номҳои “Шариф” ва “Нур” аз ҷониби шуъбаи тафтишотӣ Агентӣ бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
пойтахт, душанбе, афюн, ҳашиш, маводи мухаддир, дастгиршавӣ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ