04:47 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Девушки во время дождя, архивное фото

Боз борону раъду барқ: дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
280 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ағбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ба иттилои "Ховар" дар истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас ва танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона ва саҳар борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят  шабона 3-8 ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500м барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ бошиддат борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  4-9  ва   рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7  ва  рўзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12  ва рӯзона 23-25  дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ