05:29 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Занон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Беҳтарин кадбонуҳои Душанбе муайян шуданд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Марҷона Ғуломова, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғолиби озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар шаҳри Душанбе гардид

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар  озмуни мазкур беҳтарин кадбонуҳо аз чор ноҳияи пойтахт, ки дар даври ноҳиявӣ ба гирифтани ҷойҳои аввал ноил гардиданд, иштирок намуданд, хабар додааст “Ховар”.

“Довталабони озмун барои баҳо додан ба ҳунарашон таомҳои миллӣ, аз ҷумла, шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида,  туппа, далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин  маҳсулоти нонӣ -қатмол,  фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайраҳоро тайёр намуда,  пешкаши   иштирокдорон гардониданд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар озмун Марҷона Ғуломова, кадбону аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷои аввал, Марҷона Бозорова аз ноҳияи Шоҳмансур ҷои дуюм ва Гулҷаҳон Носирова аз ноҳияи Фирдавсӣ ҷои сеюм гирифтаанд.

Инчунин иштирокдорони фаъоли озмун - Фариштамоҳ Ашурова ва Зулайхо Ҳакимова бо “Сипоснома” -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дигар туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Мавсума Муинӣ, нооиби раиси Душанбе изҳор доштаст, ки тариқи чунин чорабиниҳо моро зарур аст,  ин ҳунарҳоро, ки аз гузаштагони хеш  ба мерос гирифтаем, ба насли нав омӯзем, то онҳо ба умқи фаромӯшӣ нараванд.

Мавзӯъҳои асосӣ