Миллион ва 500 ҳазор гули лола дар Душанбе – видео

© Sputnik / Амир ИсаевТюльпаны, архивное фото
Тюльпаны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар қаламрави пойтахт дар маҷмуъ беш аз 1,5 миллион дона гули лола шинонда шуд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Мақомоти Душанбе ҳафтаи равон дар ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни “Сайри гули лола” изҳор доштанд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи Душанбе -  300 000 дона, “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” - 475 000 дона ва аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр  - 675 010 дона пиёзаки гули лола шинонида шуд.   

Телевизиони Тоҷикистон аз сайри гули лола дар пойтахт наворе пешниҳоди тамошобинон кардааст.

         

Дар ҷамъбасти озмуни “Сайри гули лола” миёни ноҳияҳо ҷойи аввалро мақомоти иҷроияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мақоми дуввум – Фирдавсӣ ва ҷойҳои саввумро мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе соҳиб шудааст.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, барои иштироки фаъолона  дар озмуни шаҳрии гулҳо “Сайри гули лола” мудири кулли “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбоналӣ Алимардон бо  "Ифтихорнома" ва директори генералии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ Ҷумъахон бо "Сипоснома"  сарфароз гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0