13:25 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото

Зуҳуров: ҲНИТ дар 30 соли ахир ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар монеъ шудааст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1883 0 0

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Довҳаи Қатар, ҲНИТ-ро ба монеъ шудани пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар 30 соли ахир айбдор кард

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik.  Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Довҳаи Қатар аз Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ба унвони гурӯҳи террористӣ интиқод карда, эълон намудааст, ки ин ҳизб дар 30 соли ахир ба пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар монеъ шудааст.

Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳамадато Султонов иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Парлумони Тоҷикистон, зимни суханронӣ таъкид намудааст, ки ҷиноятҳои сахту сангини “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” дар ҷумҳурӣ собит гашта, ин ҳизб ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ дониста шудааст.

“Ин ташкилоти террористӣ наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми мо шудаанд”, - таъкид намудааст Зуҳуров.

 Инчунин, вай қайд намудааст, ки баъзе аз кишварҳои дӯст бар ивази ҳамкории судманд бо Тоҷикистон аз ин гурӯҳи ифротгаро пуштибонӣ мекунанд.

“Баъзе аз кишварҳои дӯст бар хилофи ҳамгироиҳои байналмилалӣ ба ҷойи ҳамкории судманд бо миллату давлати Тоҷикистон аз ин гурўҳи ифротгаро пуштибонӣ менамоянд”, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Вай афзуд, ки ин тарзи муносибат аз сиёсатҳои нопок дарак медиҳад, ки ҳар яки мо натиҷаи ин сиёсатҳоро дар кишварҳои минтақа шоҳид ҳастем.

Ёдрас мешавем, ки  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукрҷон Зуҳуров,  дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, ки дар шаҳри Довҳаи Давлати Қатар баргузор шуда истодааст иштирок намуд.

Дар кори ҷаласаи  Иттиҳоди  Ассамблеяи Баӣнипарлумонии мазкур намояндагони 180 кишварҳои бонуфузи ҷаҳон, аз қабили Русия, Эрон, Чин, Португалия, Мозамбик, Непал, Қазоқистон, Туркманистон, Шведсия ва дигар кишварҳои ҷаҳон  иштирок доранд.

Барчаспҳо:
иқтисод, террористӣ, ҳизб, суханронӣ, Шукурҷон Зуҳуров, Қатар, ҲНИТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ