17:16 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Памятник Айкол Манас (Манасу Великодушному) на центральной площади Ала-Тоо в Бишкеке. Архивное фото

Нахустин ҷаласаи идораҳои наҷоти Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд

© Sputnik Акылбек Батырбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Идораҳои наҷоти се кишвар, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар нахустин ҷаласаи муштарак масъалаи коҳиши хатари офатҳоро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек аввалин ҷаласаи муштараки коллегияи идораҳои наҷоти се кишвари ҳамсоя –Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фақулоддаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои зиёди ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

“Маърӯзаҳо шунида шуданд, рӯнамоии корҳои анҷомшуда зарфи чанд соли охир баргузор гардиданд, камбудиҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷониба ошкор ва барои рафъи онҳо ва беҳбуди ҳамоҳангсозиҳои муштарак пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд”,- қайд намудааст дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон. 

Аз ҷумла, ҷонибҳо зикр карданд, ки барои такмили ҳамкориҳо зарфияту тавонмандиҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд.

“Чунончӣ, ба нокифоя будани ҳамоҳангсозиҳо дар амалҳои муштарак ҳангоми ҳолатҳои фавқулода таъкид гардид ва ин талаб мекунад, ки корҳо дар самти табодули маълумот ва роҳандозии тамринҳои якҷоя ҷоннок карда шаванд”, - афзудааст манбаъ. 

Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш корҳои анҷомшуда ва гузинаҳои пешниҳодии ҳалли масъалаҳо дар иртибот ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадиро рӯнамоӣ кард. 

Аз рӯйи ҷамъбасти кори коллегия Протоколи аввалин ҷаласаи муштараки идораҳои наҷоти се кишвар имзо гардид, ки дар он ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи наздимарзӣ, роҳандозии тамринҳои муштарак, табодули маълуот миёни ду ниҳод дар ноҳияҳои наздимарзӣ таъкид намуданд.   

Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҷаласаи навбатии колегияи муштарак қарор аст соли 2021 дар Узбекистон баргузор шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ