19:14 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дождь, архивное фото

Борон, жола, раъду барқ ва фаромадани меғ: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
507 0 0

Имрӯз Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои абрноку, боридани боронро пешгӯӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар пойтахти кишвар абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  охири рӯз  борон шиддат гирифта, раъду барқ табдил хоҳад ёфт.  Ҳаво  шабона 12-14  ва рӯзона 25-27  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда,  борони кӯтоҳмуддат меборад.    Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад. Рӯзона  дар баъзе ноҳияҳо борони  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола дар назар буда, дар ағбаҳо меғ мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7  ва  рўзона 16-21  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  шарқи вилоят  ҳавои абрноки бебориш мешавад.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 14-19  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр  барф меборад. Раъду  барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ дар назар аст.     Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18  ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  8-13   ва   рӯзона 17-22 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
пойтахт, раъду барқ, борону жола, Маркази обу ҳавошиносӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ