04:31 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз деҳаи Амондара боздид намуд

Аҳмадзода ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондара, ки аз сел зарар диданд, чӣ ваъда дод?

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1104 0 0

Бар асари боронҳои пайдарпайи шаби 5 апрел дар Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омад, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматии бархе аз сокинон аз лойу об зарар дид

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент аз деҳаи Амондара боздид намуда, бо сокинон дидору гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқот, раиси вилояти Суғд аз мушкилоту камбудиҳои сокинон хабардор шуд ва ба масъулин барои ҳалли мушкилот супоришҳо дод.  

Аз ҷумла Раҷаббой Аҳмадзода, ба масъулини ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дастур дод, ки техникаҳои заруриро ҷудо намуда, барои тоза сохтани сой ва анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Манбаъ қайд намудааст, ки барои тоза кардани сой ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.

Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Суғд, сел, Раҷаббой Аҳммадзода, Панҷакент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ