05:36 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Министр обороны РТ Шерали Мирзо, архивное фото

Шералӣ Мирзо ба Покистон рафт

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
334 0 0

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон барои баррасии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ба Покистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Покистон имрӯз оғоз меёбад.

Зимни сафари Шералӣ Мирзо ба Исломобод масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ байни кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Қарор аст, Шералӣ Мирзо зимни сафари кориаш ба Исломобод бо раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Покистон мулоқот намояд.

Манбаъ қайд намудааст, ки вазири дифои Тоҷикистон, дар мулоқоти ҳайати раҳбарияти низомии Тоҷикистону Покистон ҳамчунин баррасии масоили марбут ба тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ, баргузор намудани тамринҳои муштараки ҳарбӣ, табодули байниҳамдигарии маълумот, омӯзиши таҷрибаи тарафайн ва ғайра низ дар назар аст.

Барчаспҳо:
мулоқот, сафари расмӣ, вазири дифоъ, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ