Шералӣ Мирзо ба Покистон рафт

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр обороны РТ Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны РТ Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон барои баррасии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ба Покистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Покистон имрӯз оғоз меёбад.

Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Мирзо ба Тошканд меравад

Зимни сафари Шералӣ Мирзо ба Исломобод масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ байни кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Қарор аст, Шералӣ Мирзо зимни сафари кориаш ба Исломобод бо раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Покистон мулоқот намояд.

Манбаъ қайд намудааст, ки вазири дифои Тоҷикистон, дар мулоқоти ҳайати раҳбарияти низомии Тоҷикистону Покистон ҳамчунин баррасии масоили марбут ба тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ, баргузор намудани тамринҳои муштараки ҳарбӣ, табодули байниҳамдигарии маълумот, омӯзиши таҷрибаи тарафайн ва ғайра низ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0