12:49 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Саидзода Маҳмадсаид Борон

Генерал ба зердастонаш: ба шаҳрвандони хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса кунед

Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
582 0 0

Саидзода аз фаъолияти Раёсати ВУД дар нақлиёт иброзӣ қаноатмандӣ карда, гуфтааст, ки кормандони мақомот бояд нисбати шаҳрвандони хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта бошанд.

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бо ширкати муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, Саидзода Маҳмадсаид, сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Қунғуродзода Фотеҳ ва ҳайати шахсӣ, машварати оперативӣ-хизматӣ доир гардид. 

Дар ин бора равобити умумии ВУД хабар медиҳад.

Фотеҳ Қунғуротзода гуфтааст, ки кормандони милитсия фаъолияти шабонарӯзии худро ҷиҳати таъмини тартибот ва бехатарии шаҳрвандон ҳангоми сафар тариқи ҳавопаймову қатора таъмин намуда, дар давоми се моҳи аввали соли 2019 ба як қатор натиҷаҳои баланди оперативӣ-хизматӣ ноил гардидаанд.

"Дар ин давра кормандони милитсия як қатор ҷиноятҳо аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, авбошиву дуздӣ ва дигар амалу кирдорҳое, ки аз ҷониби баъзе аз нафарони ҷиноятпеша амалӣ карда шудааст, пешгирӣ ва нафарони гумонбарро дастгир намудаанд",-гуфт ӯ.

Саидзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод, иброзӣ қаноатмандӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки кормандони мақомот бояд нисбати шаҳрвандони хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта бошанд.

"Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар беҳтарсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ ва муносибати бодиққатона бо шаҳрвандон, алалхусус шаҳрвандони хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд".

Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз ҷониби Саидзода ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои назарраси оперативӣ-хизматӣ ноил гардидан ба кормандони ин воҳиди мақомоти корҳои дохилӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ