04:46 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дождь, архивное фото

Обуҳавошиносон: дар минтақаҳои куҳӣ боридани борони бошиддат, жола ва барф дар назар аст

© Sputnik / Владимир Сергеев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
250 0 0

Имрӯз дар Таоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар пойтахти ҷумҳурӣ тағйирёбанда шуда, рӯзона бебориш мешавад. Ҳаво  шабона 12-14  ва рӯзона 22-24  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   ҳавои абрнок шуда,  борон меборад.    Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад.   Дар  баъзе ноҳияҳо борони  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола дар назар буда, дар ағбаҳо меғ мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  шарқи вилоят  боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 4-9 ва  рӯзона 14-19  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр  барф меборад. Раъду  барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва  рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6  ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ дар назар аст.     Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  9-14   ва   рӯзона 17-22 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
Душанбе, борону жола, борону барф, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ