19:13 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ювелирные изделия, архивное фото

Марде, ки аз гушҳои духтари 12-сола гушвораҳои тиллоиашро тасарруф кард, дастгир шуд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
271 0 0

Кормандони милитсияи тоҷикистон марди 28-солаеро дастгир намуданд, ки бо роҳи ӯроварӣ аз гушҳои духтари ноболиғ гушворҳояшро тасарруф намудааст

ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Турсунзода марди 28-солаи, сокини ҳамин шаҳрро дастгир намуданд, ки дар дуздидани гушворҳои тиллои духтари ноболиғ айбдор мешавад.

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ахиран ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода зани 64-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми апрели соли равон, тахминан соати 15:30-дақиқа, “Руслан” ном шахс дар даромадгоҳи бинои истиқоматиашон бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои набераи ноболиғи 12-солааш гушвораҳои тиллоиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия ахиран марди 28-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати марди номбурда тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дастгиршавӣ, дуздӣ, ноболиғ, духтар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ