Дар Конибодом пойгоҳи обкашии “Пойменная” дубора ба кор андохта шуд

Обуна шудан
Пойгоҳи обкашии “Пойменная” дар шаҳри Конибодом, ки номаш низ ба “Наврӯз” иваз гардид, солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз монда буд

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Дар шаҳри Конибодом пойгоҳи обкашии “Пойменная” пас аз таъмиру навсозӣ дубора ба кор андохта шуд ва номаш низ ба “Наврӯз” иваз гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, пойгоҳи обкашии “Пойменная” ва ҳамакнун “Наврӯз”, ки дар қисми поёнии шаҳр дар мавзеи Тӯқай қарор дорад, солиёни зиёд аз фаъолият боз монда буд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз деҳаи Амондара боздид намуд - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондара, ки аз сел зарар диданд, чӣ ваъда дод?

Манбаъ қайд намудааст, ки бо иқдоми мақомоти вилояти Суғд пойгоҳи мазкур дар муҳлатҳои кутоҳтарин пурра таъмир гардида, ба мавсими нави кишт омода карда шуд.

“Фаъолсозии пойгоҳи обкашӣ имкон медиҳад, ки  марҳила ба марҳила 1500 гектар заминҳои атрофи мавзеи Тӯқай обёрӣ карда шавад. Ба иттилои масъулини соҳаи кишоварии Конибодом танҳо дар мавсими имсола 300 гектар заминҳои ин мавзеъ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки ташаббуси мазкур дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” роҳандозӣ гардида, бо сабаби дар рӯзҳои наврӯзӣ мавриди истифода қарор гирифтанаш номи пойгоҳ ба “Наврӯз” табдил дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0